Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2025 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Идрисзода Илёс Мумин

7 январи соли 1974 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Корнома ва собиқаи меҳнатӣ

Солҳои 1991-1996 — Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Соли 1996 (10-12) — Ёрдамчии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 1997 (01-09) — Ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1997-1998 — Коромӯз дар вазифаи холии ёрдамчии прокурори ноҳияи Варзоб

Солҳои 1998-2001 — Ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Солҳои 2001-2003 — Прокурори калони Раёсати назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо бо парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2003-2006 — Муфаттиши Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2006-2010 — Муовини сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2010-2015 — Муовини прокурори вилояти Суғд

Соли 2015 (03-11) — Прокурори ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон

Солҳои 2015-2018 — Муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2020 — Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2020-2025 — Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин