Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРРАЁСАТИ МЕЪМОРӢ ВА ШАҲРСОЗИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ИШҒОЛИ 2 МАНСАБӢ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ, кадр ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1717,0 сомонӣ.
  2. Мутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, кадр ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1415,0 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

– ариза ба унвони роҳбари мақомот;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 038УЕ;

– нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;

– маълумотнома оид ба доғи судӣ;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (СИН);

–нусхаи маълумотнома дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

– 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4;

– маълумотнома (справка-объективка) бо акси ранга.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев — 48.

Телефон барои тамос: 233-05-07

Почтаи электронӣ: dushanbememori1@gmail.com

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии  Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин