Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Бо мақсади таъмини иҷрои барқияи ҳукуматӣ аз 5 декабри соли 2022,№24/10-68 санаи 23 декабри соли 2023 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ. тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда шуда, сардорону кормандони шуъбаҳо ва дигар кормандон Агентӣ иштирок доштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш вобаста ба нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, идома додани раванди созандагиву ободкорӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, ҷорӣ намудани як қатор имтиёзҳо барои соҳибкорон, ҳамзамон қабули стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ ва паҳлӯҳои сиёсати хориҷии кишварро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, ба масъулон барои рушди минбаъдаи кишвар дастурҳои мушаххас гузоштанд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама буда,  аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ карда мешавад.

Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.

14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қарор қабул кард.

Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.

 

                                                                  Агентии хизмати давлатии назди

                                                                  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон