Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3 октябри соли равон  чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» бо иштироки Зулфониён Раҳим Раҷабзода-сардори шуъбаи танзими истилоҳоти  Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷило Гулназарзода-ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор гардид.

Дар чорабинӣ кормандони Агентии хизмати давлатӣ,  хизматчиёни давлатӣ-шунавандагони магистратураи яксолаи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», ки шаҳру навоии кишварро намояндагӣ менамоянд, кормандони филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Чорабиниро директори Агентии хизмати давлатӣ ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки ҳар як миллат арзишҳои маънавии худ, аз ҷумла парчаму нишон, суруди миллӣ, пули миллӣ, расму оинҳо ва забони миллии хешро дорад, ки дар маҷмуъ онҳоро муқаддасоти миллӣ меноманд. Муқаддасоти миллӣ симо ва муаррифгари миллат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҳар як шахси соҳибватан вазифадор аст, ки онҳоро гиромӣ дошта, ба онҳо арҷ гузорад.

Ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ дар кишвари мо ҷойгоҳи шоиста пайдо кард. Мустаҳкам намудани мақому манзалати забони тоҷикӣ яке аз авлавиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар даврони давлатдории навин забони тоҷикӣ дар мақоми забони миллӣ ё забони давлатӣ рисолат дошта, рушди он идома дорад.

Аз соли 2009 инҷониб ҳамасола 5 октябр дар миллакат Рӯзи забони давлатӣ таҷлил карда мешавад.

Қайд намуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз ва нигоҳдошти забони тоҷикӣ як қатор тадбирҳои судманд андешида шуданд.

Пеш аз ҳама, ҳамчун муқаддасоти миллӣ эътироф гардидани забони тоҷикӣ ва ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардидани Рӯзи забони давлатӣ дар кишвар, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду ҷилд чоп гардидани асари пурарзиши «Забони миллат-ҳастии миллат», таъсис ёфтани Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон, соли 2008-ро эълон намудани «Соли бузургдошти забони тоҷикӣ», дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (соли 1998, 2011 ва 2021) такмил  додани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ қадамҳои устуворе дар рушди забони давлатӣ мебошанд.

Зимни суханронӣ зикр намуданд, ки дар Агентии хизмати давлатӣ низ барои татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд.

Аз ҷумла, Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Агентии хизмати давлатӣ таъсис дода шуда, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ бо забони давлатӣ роҳандозӣ гардидааст.

Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони давлатӣ таҳия гардида, зимни таҳияи онҳо вобаста ба истифодаи дурусти истилоҳоти соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. 

Ҳамзамон бо мақсади таъмини дастрасии хизматчиёни давлатӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар китоби рӯимизии хизматчиёни давлатӣ-«Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ», ки охири соли 2021 дар таҳрири шашум бо теъдоди 6000 нусха нашр гардид, ҷой дода шуда, тариқи ройгон ба мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ дастрас карда шуд.

Агентии хизмати давлатӣ ҳамчун мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ зимни ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ба такмили донишҳои хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамасола номгӯи мавзуъҳои мубрами омӯзиширо барои ворид намудан ба барномаҳои таълимӣ ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Аз ҷумла мувофиқи дархостҳои Агентии хизмати давлатӣ ҳамасола дар курсҳои дахлдори азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими мавзуъҳои «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ва роҳҳои амалисозии он (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647)», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 июни соли 2021, №268)», «Забони коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ»  таъмин карда мешавад.

Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Р.Р. вобаста ба рушду ташаккули забони тоҷикӣ ва ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Гулназарзода Ҷ. доир ба манзалату қадру қимати забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намуда, вобаста ба мақоми забони тоҷикӣ дар замони истиқлоли давлатӣ, рушду гиромидошти забон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳамзамон нақши забони давлатӣ дар тарбияи насли ояндасоз миллат суханронӣ намуда, гуфтаҳои хешро бо суханҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият бахшиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор масъулини Агентии хизмати давлатӣ бо ифтихорномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

                                                                                                                    Агентии хизмати давлатии назди                                                                                                                                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон