Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Санаи 1 сентябри соли ҷорӣ дар Агентии хизмати давлатӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Зимни баррасии масъалаҳои ҷории корӣ,

инчунин директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳои навтаъини Агентии хизмати давлатӣ, ки тариқи озмун барои ишғоли мансабҳои холиии маъмурии хизмати давлатӣ аз ҷониби Агентӣ эълон шуда буданд ва муваффақ гардиданд, мулоқот намуд.

         Бо фармоиши директори Агентӣ Сунатулло Ҷӯраев ба мансаби сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва назорат, Раҳимова Дилноза ба мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи махзани маълумоти хизматчиёни давлатӣ, Табаров Муҳсинҷон ба мансаби нозир- референти шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва назорат, Усмонов Қурбоналӣ ба мансаби нозир – коргузори шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва назорат, Сулаймонова Дилбар ба мансаби нозир – коргузори шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

         Дар рафти мулоқот директори Агентӣ вобаста ба шароити корӣ, талаботҳои мавҷуда ва фаъолияти бонизоми корӣ дар Агентӣ ёдовар гардида, барои шуруъ намудани фаъолият дар ин ниҳоди давлатии муњим ва масъулиятнок ба кадрҳои ҷавону умедбахш, хизматчиёни давлатӣ муваффақият таманно кард.

 

                                                                                                                 Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                                 Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон