Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Санаи 26 августи соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Дар кори ҷаласа вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, №1339 «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳолати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи амал доир ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021,№187 тасдиқ карда шудааст) ва иҷрои дигар санадҳои қонунгузорӣ вобаста ба экстремизм ва терроризм дар Агентии хизмати давлатӣ аз натиҷаи соли 2021 ва нимсолаи якуми соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷаласа ноиби якуми ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷӯрахон, прокурори калони раёсати муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҷонибек Назар, роҳбарият ва кормандони Агентии хизматӣ давлатӣ иштирок намуданд.

           Доир ба вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, №1339 «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва назорат Файзализод А.Ф. гузориш дод.

           Зимни маърӯза қайд гардид, ки бо мақсади татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, №1339 «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 28 октябри соли 2016, №201 Наќшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои мањаллии Агентии хизмати давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки қабули муроҷиатҳои хаттӣ, шифоҳӣ, телефонӣ(мобилӣ ва электронии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи талаботи Қонуни мазкур ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар робита ба ин Агентии хизмати давлатӣ бо мақсади қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи роҳбарияти Агентии  хизмати давлатӣ низоми мусоиди корӣ ташкил карда шуда, ҷадвали қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби директор, муовини якум ва муовини директор бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 31 октябри соли 2016, №204 тасдиќ шуда, иҷрои он мунтазам таъмин карда мешавад.

Ҳамчунин талаботи Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2017, №276 тасдиқ гардидааст, дар Агентии хизмати давлатӣ роҳандозӣ гардида, дафтарҳои бањисобгирии омории муроҷиатҳо дар шакли нав ташкил ва пешбурди онҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли равон ба дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ 317 адад муроҷиатҳои хаттии шахсони воқеӣ, 95 адад муроҷиатҳои шифоҳии шахсони воқеӣ, 4 адад муроҷиатҳои электронии шахсони воқеӣ ва 162 адад  муроҷиатҳои телефони (мобилӣ)-и шахсони воқеӣ ворид гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ зимни қабули роҳбарият 18 муроҷиат, аз ҷониби роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллӣ 77 муроҷиат, ҷамъ 95 муроҷиат ба қайд гирифта шуда, мушкилоти ҳангоми қабул баёнгардида баррасӣ ва ҳал карда шуданд.

 Муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ. оид ба ҳолати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи амал доир ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021,№187 тасдиқ карда шудааст) ва иҷрои дигар санадҳои қонунгузорӣ вобаста ба экстремизм ва терроризм дар Агентии хизмати давлатӣ аз натиҷаи соли 2021 ва нимсолаи якуми соли 2022  маърӯза  намуд. 

Қайд гардид, ки бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 29 июни соли 2021, №123 Наќшаи чорабинињои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи амал доир ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ карда шудааст, қабул гардида, тадбиқи он идома дорад.

 Дар робита ба ин, дар соли 2021 Агентии хизмати давлатї бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 39 курси таълимӣ, аз љумла 4 курси азнавтайёркунӣ, 2 курси таҷрибаомўзӣ, 33 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Академияи мазкур, шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Гулистон, Панҷакент, Бохтар, Турсунзода, Ховалинг ва Дарвоз доир намуда, дар онҳо 1968 (зан 573) нафар хизматчии давлатӣ ба таълим фаро гирифта шуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 бошад, дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣва мақомоти давлатӣ 20 курси таълимӣ, аз ҷумла 2 курси азнавтайёркунӣ ва 18 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Академияи мазкур, шаҳрҳои Бохтар,  Хуҷанд, Гулистон, Турсунзода  ва ноҳияи Данғара доир гардид, ки  дар онҳо 999 нафар (зан 345) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шуданд.

Дар курсҳои мазкур мавзуъҳои «Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи арзишҳои миллӣ», «Шарҳи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Идеологияи миллӣ ҳамчун омили муҳими худшиносии миллӣ», «Нақши Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар таъмини муқовимат ба ин зуҳурот», «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  муқовимат ба  экстремизм», «Ифротгароии динӣ ва пайомадҳои хатарноки он ба давлатдории миллӣ», «Худшиносии миллӣ-омили пойдории давлат ва бақои миллат», «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ» ва ғайраҳо  доир гардиданд.

Таъкид карда шуд, ки бо мақсади тақвияти сатҳи дониши хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ, кормандони мақомоти њифзи њуќуќ ва њарбї дар самти муќовимат ба экстремизм ва терроризм аз љониби Агентии хизмати давлатї номгўйи саволњо доир ба муќовимат ба экстремизм ва терроризм, ки њангоми гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣва озмунҳо барои ишѓоли мансабњои холии маќомоти давлатї барои истифода тавсия мешаванд, тањия гардида, аз 22 феврали соли 2022, №02-491 ва аз 9 марти соли 2022,№02-600 ба вазорату идорањо ирсол карда шуд.

Номгўйи саволномањои мазкур ва љавобњои онњо барои истифодаи умум дар сомонаи расмии Агентии хизмати давлатї низ љойгир карда шуданд.

Инчунин директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла риояи талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 23 июли соли 2016, №1339 «Дар бораи мурољиатњои шахсони воќеї ва њуќуќї»  њангоми баррасии мурољиатњои шахсони воќеї ва њуќуќї, тартиби баррасии њуљљатњо, истифодаи васеи технологияи электронї зимни ќабули мурољиаткунандагон, назорати доимии почтањои электронї, таќвияти фаъолият дар самти муќовимат ба экстремизм ва терроризм, иљрои ќисмњои дахлдори Стратегияи муќовимат ба экстремизм ва терроризм дар  Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2025, Наќшаи амали он ва наќшаи чорабинињои тасдиќгардидаи Агентии хизмати давлатї, истифодаи саволнома њангоми баргузории озмунҳо ва аттестатсияҳо дар мақомоти давлатӣ   ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуданд.

 

 

                                                                          Агентии хизмати давлатии назди

                                                                          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон