Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

27 январи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал дар ҳайати роҳбарии якчанд мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

18 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

Бо даъвати Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 4-5 августи соли 2021 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни музокирот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон роҷеъ ба маҷмӯи кулли масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин перомуни масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули созандаи афкор намуданд.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон имзо гузоштанд.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ва иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Туркманистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

6 август дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ширкат варзиданд.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

Нимаи дуюми рӯзи 4-уми август дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қипчоқ дар назди оромгоҳи шахсиятҳои намоёни халқи туркман гулчанбар гузошта, арвоҳи гузаштагонро бо фотеҳаи нек шод карданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масҷиди калони Туркманистон боздид ба амал оварданд.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

Масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Туркманистон идома ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ба Сарвари кишвари мизбон-Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Туркманистон изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки мо тарафдори рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Туркманистон мебошем.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Қасри «Сомониён»-ро мавриди баҳрабардорӣқарор доданд.

Эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди ҳамаҷонибаи деҳот мусоидат намуд.