Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ОҒОЗИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ ИҶРОЧИЁНИ СОХТОРҲОИ МАҲАЛЛИИ ХАДАМОТИ ИҶРО ДАР ВИЛОЯТҲО ВА ШАҲРУ НОҲИЯҲО

Имрӯз, 20 октябри соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили итисос барои иҷрочиёни сохторҳои маҳаллии хадамоти иҷро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯи барномаи “Стандартҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон” оғоз ёфт.

Дар ифтитоҳи расмии курси мазкур ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим Одиназода Фирдавс Ҷалил, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, муовини сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Динора Зуҳал ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳамидзода Шоҳрух Бозор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ифтитоҳи курси мазкур таъкид гардид, ки идоракунии давлатӣ яке аз омилҳои калидии рушди ҷомеа ва давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои глобализатсия, рақобати иқтисодӣ, пешрафти илму техника ва густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ суръати нав касб кардаанд, идоракунии давлатӣ низ вобаста ба инкишофи ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ инкишоф меёбад.

Баромадкунандагон иброз доштанд, ки идоракунии давлатӣ маҷмӯи тадбирҳо, механизмҳо ва фаъолиятҳои мақомоти давлатӣ мебошад, ки бо мақсади таъмини амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ, риояи қонун ва ҳифзи манфиатҳои умумӣ сурат мегирад. Гуфта шуд, ки курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани таҷрибаи касбӣ ва ихтисосмандии хизматчиёни давлатӣ ташкил гардида, дар ҷараёни он ба шунавандагон — ходимони давлатӣ ва кормандони мақомоту идораҳо ва вазорату идораҳо доир ба мавзуъҳои муҳимтарини идоракунии давлатӣ дар замони муосир дарс мегӯянд.

Курси мазкур аз 20 то 25 октябри соли ҷорӣ идома ёфта, дар ҷараёни он вобаста ба шарҳи кодекси хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ, шарҳи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва низоми онҳо, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва заҳни сунъӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои қонуни кӯдакон дар фаъолияти хадамоти иҷро ва амсоли инҳо машғулиятҳо доир мегарданд.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин