Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ Русӣ Англисӣ
Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 (бо тағйиру иловаҳо аз 15 сентиябри соли 2011, №1729) ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2025, №26/10-465 санаи 26 январи соли 2026 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар нишаст мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳрӣ Олимшо, муовинони директори Агентии хизмати давлатӣ Абдуллозода Фирдавс Асатулло ва Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидзода Шоҳрух Бозор, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Агентӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар қисмати аввали нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ ба хабарнигорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2025 гузориш дод. Бо назардошти қаблан дастрас гардидани фишурдаи гузориш оид ба фаъолияти Агентӣ дар соли 2025 бештари вақти ҷудошудаи нишасти матбуотӣ ба саволу ҷавобҳо равона гардид.
Дар ҷараёни нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма ба масъалаҳои татбиқи технология кадрӣ дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла тартиби қабул ба хизмати давлатӣ, ба ҷойивазкунӣ (ротатсия) фаро гирифтани хизматчиёни давлатӣ, сабабҳои зиёд будани ҷойҳои холӣ дар хизмати давлатӣ, инчунин нашри эъломиякунонии хизматчиёни давлатии сиёсӣ (роҳбарони аввали вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ) дар воситаҳои ахбори омма ва ғайраҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ба саволҳои хабарнигорон дар робита ба масоили зикргардида посухҳои мушаххас дода шуданд.