Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ САНГВОР БАРОИ ИШҒОЛИ 24 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Дастгоҳи раиси ноҳия

  1. Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо -1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,4 сомонӣ.
  2. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо
  3. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушдӣ иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  4. Мутахассиси шуъбаи рушдӣ иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,5 сомонӣ.

 

Воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия:

  1. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  1. Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оила — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  2. Мутахассис пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши дин ва танзими ҷашну маросим — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  4. Мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,5 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари бахши бойгонӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанг — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари бахши иқтисод, савдо ва мониторинг — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  8. Мутахассиси шӯъбаи кишоварзӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,5 сомонӣ.

 

Мақомоти худидоркунии деҳоти ноҳия:

  1. Мутахассиси пешбари ҷамоати деҳоти Тавилдара — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  2. Мутахассиси ҷамоати деҳоти Тавилдара — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,5 сомонӣ.
  3. Нозири мизи ҳарбӣ бақайдгирии ҷамоати деҳоти Тавилдара — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  4. Сармутахассис-заминсозӣ ҷамоати деҳоти Чилдара -1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,4 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси танзим ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Чилдара -1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,4 сомонӣ.
  6. Мутахассиси ҷамоати деҳоти Чилдара — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,5 сомонӣ.
  7. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и ҷамоати деҳоти Заршӯён -1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,4 сомонӣ.
  8. Нозири мизи ҳарбӣ- бақайдгирии ҷамоати деҳоти Заршӯён — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  9. Мутахассиси ҷамоати деҳоти Заршӯён — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,5 сомонӣ.
  10. Сармутахассис-заминсозӣ ҷамоати деҳоти Ваҳдат — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,4 сомонӣ.
  11. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и ҷамоати деҳоти Ваҳдат — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,4 сомонӣ.

     

Талаботи тахассусӣ

  • Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);

— 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— аризаи шахсӣ ба унвони роҳбари мақомот;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи дафтарчаи мехнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);

— нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

— маълумотнома оид ба вазъи  саломатӣ (шакли 038УЕ);

— нусхаи шиноснома;

— маълумотнома аз ВКД оиди надоштани доғи судӣ;

— нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;

— маълумотнома аз ҷои истиқомат;

— маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

— маълумотнома(объективка);

— нусхаи билети харбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

—  4 дона расми 3х4)

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

 Ноҳияи Сангвор,

Телефонҳо барои тамос: (8-3156) 22-1-21, 22-3-34, 918-24-06-34,  Email:info@sangvor.tj

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Сангвор муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

  Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин