Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ БАРОИ ИШҒОЛИ 15 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии сарраёсати назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии дастгоҳи марказии Хадамот — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057,20 сомонӣ.
  2. Мутахассиси шуъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии сарраёсати назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии дастгоҳи марказии Хадамот — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695,80 сомонӣ.
  3. Мутахассиси шуъбаи назорати давлатии маводи ороишию гигиении сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии дастгоҳи марказии Хадамот — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695,80 сомонӣ.
  4. Сардори шуъбаи назорати давлатии муомилоти қонунии маводи нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳои сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии дастгоҳи марказии Хадамот — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3388,50 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи марказии Хадамот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057,20 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии муомилоти қонунии маводи нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ва назорати фармакологии маводи дорувории Сарраёсати Хадамот дар вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1959,90 сомонӣ.
  7. Сармутахассиси бахши назорати давлатии маводи ороишию гигиении Сарраёсати Хадамот дар вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2390,80 сомонӣ.
  8. Сармутахассиси шуъбаи назорати давлатӣ оид ба фаъолияти тиббии Сарраёсати Хадамот дар вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2390,80 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои тиббии ғайридавлатии Сарраёсати Хадамот дар вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1959,90 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Сарраёсати Хадамот дар вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1959,90 сомонӣ.
  11. Мудири бахши омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии вордоту содирот ва аккредитатсияи муассисаҳои фармасевтии Сарраёсати Хадамот дар вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2648,05 сомонӣ.
  12. Сармутахассис (тиббӣ)-и Раёсати Хадамот дар минтақаи Кулоби вилояти Хатлон — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2390,80 сомонӣ.
  13. Мутахассис (фармасевтӣ)-и Раёсати Хадамот дар минтақаи Кулоби вилояти Хатлон — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1612,40 сомонӣ.
  14. Сармутахассис (тиббӣ)-и Раёсати Хадамот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2390,80 сомонӣ.
  15. Мутахассис (тиббӣ)-и Раёсати Хадамот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1612,40 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори шуъба:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сардори шуъбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

                                       Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-аризаи шахсӣ ба номи сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

-тарҷумаи ҳол (хаттӣ ва чопӣ);

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-маълумотнома аз ҷои истиқомат;

-маълумотнома оиди доғи судӣ;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, кўчаи Алишер Навоӣ 5/5, индекс: 734026,

Телефон барои тамос.: 935056362.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин