User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 15 марти соли 2022 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2022

миёни кормандони Агентӣ бо мақсади тақвияти нерӯи зеҳнӣ ва тарғибу таъмини оммавияти варзиш мусобиқаи "Шоҳмот" ташкил гардид.

         Дар мусобиқаи мазкур кормандони Агентӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷаи мусобиқа кормандони Агентӣ Шарипов Нусрат, Ҳамдамов Абубакр, Рауфзода Муҳаммадюсуф, Саидзода Шаҳбоз ва Латифзода Фирдавс ғолиб дониста шуданд. Барои ғолибият ва иштироки фаъолона дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба иштирокчиёни мусобиқа Сипоснома аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон тақдим гардид.

         Чорабиниҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонӣ идома дорад.

                                                                                     

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон