Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ Русӣ Англисӣ
1 Ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
— таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ;
— 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии ёрдамчии судяро ба танзим медароранд;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани на кам аз ду забон;
-донистани таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ;
— кор бо компютер;
— донистани забонҳои хориҷӣ ҳатмӣ.
Маоши мансаби — 3074,75 сомонӣ, бо назардошти иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
— ариза ба унвони Раиси Суди конститутсионӣ;
— варақаи шахси баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
— тарҷумаи ҳол.
— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот.
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.
— нусхаи шиноснома.
— маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;
— маълумот аз мақомоти дахлдори оид ба андоз аз даромад ва вазъи молумулкии хизматчии давлатӣ;
— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд);
— гувоҳнома оид ба доғи судӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кўчаи Бохтар 48.,
Телефон барои тамос:227-38-09. «www.constcourt.tj»
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.