Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ Русӣ Англисӣ
Тибқи талаботи боби 4, банди 29 Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, қарорҳои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, қарорҳои маҷлиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ — Раҳматуллозода Мавзуна ва корманди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон-Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ», Сафарзода Ҳабиба Сайдулло-Муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» ва аъзоёни ҳизб ҷаласа баргузор гардид.
Нахуст, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон — Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» сухани ифтитоҳӣ намуда, ҳозиронро бо рӯзномаи Маҷлис шинос намуд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли 2025, тасдиқи нақшаи фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Хизмати давлатӣ» барои соли 2026, тасдиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои ташкилӣ (қабул ба сафи ҳизб) баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Мувофиқи баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» дар давоми соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда гузориши муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» шунида шуд.
Раҳматуллозода Мавзуна — муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ вобаста ба шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 16 декабр соли 2025 ироа гардид, суханронӣ намуд.
Зикр намуд, ки Паёми сарвари давлат ҳуҷҷати стратегӣ ба шумор рафта, дар он рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар натиҷагирӣ карда шуда, барои рушди минбаъдаи Ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Таъкид гардид, ки соли 2026 барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли таърихӣ ба ҳисоб рафта, ҳар як шахси солимфикрро зарур аст, ки баҳри таҳкими сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ҳамзамон, сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар беш аз пеш ҳиссагузорӣ намоянд.
Аз рӯйи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.