Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари омӯзишӣ оид ба такмил ва таҳияи модулҳои нави Низоми иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок доранд

Семинари омӯзишӣ оид ба такмил ва таҳияи Низоми иттилотии идоракунии захираҳои инсонӣ дар Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз 2 то 5 июни соли ҷорӣ баргузор гардида, дар он масъалаҳо оид ба таҳияи модулҳои аттестатсия, баҳодиҳии фаъолият, захираи кадрҳо, ҷойивазкунӣ, эъломия, таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва худхизматрасонӣ дар хизмати давлатӣ дар таҷрибаи Низоми электронии e-QYZMET мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.
 
Дар семинар сардорони шӯъбаҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо масъулони лоиҳаи дуюми Мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ ва таҳиягарони Низоми мазкур иштирок доранд.
 
Низоми иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ бо мақсади татбиқи рақамикунонии соҳаи хизмати давлатӣ ва ташкили Феҳристи ягона оид ба таҳияи электронии маълумотҳои хизматчиёни давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин