Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таваҷҷуҳ!

Бо мақсади баланд бардоштани донишҳои касбии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатӣ дар хориҷи кишвар чорабиниҳои таблиғотии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) аз санаи 31 октябри соли 2025 барои давраи таҳсили солҳои 2026-2028 дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои бонуфузи Япония оғоз мегардад.
Нахустин чорабинии таблиғотӣ санаи 31 октябри соли 2025 аз соати 09.00 то 12.00 дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии шомили Лоиҳаи мазкур пешбинӣ шудааст.
Дар чорабинии мазкур ҳадафҳо, вазифаҳо, ҳуҷҷатҳои дархостӣ, давраҳои интихоб, талаботҳои тахассусӣ ва маълумот оид ба донишгоҳҳои қабулкунанда мутобиқи муқаррароти Лоиҳаи JDS шарҳ дода мешавад.
Бояд қайд намуд, ки Лоиҳаи JDS дар Тоҷикистон аз соли 2009 то инҷониб амал намуда, давоми солҳои 2011-2025 152 (зан-27) нафар барои таҳсил ба донишгоҳҳои Япония фиристода шуда, 121 (зан-24) нафар хатм намуда, таҳсили 31 нафар идома дорад. Беш аз 40,0% хатмкунандагон аз мансаби то таҳсил ишғолнамуда аз 1 то 6 категория боло фаъолият доранд.
Таҳсил дар донишгоҳҳои Япония тариқи Лоиҳаи JDS яке аз беҳтарин имкониятҳо барои таҳкими донишҳои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатӣ буда, хароҷоти таҳсил пурра аз ҳисоби Лоиҳаи мазкур пардохт карда мешавад.
Мақсади мо омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ мебошад.
Фурсати муносибро аз даст надиҳед. Иштирок дар чорабинӣ ройгон аст.
Вобаста ба ташкили чорабиниҳои таблиғотӣ дар вазорату идораҳои алоҳида, шаҳрҳои Хорӯғ, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб маълумоти иловагӣ тавассути ҳамин саҳифа пешниҳод карда мешавад.
Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин