Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

"Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот”

1 ноябри соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша-ҷадвали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, курси такмили ихтисос, ки аз рӯи барномаи “Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот” барои масъулони коргузории махфии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ҷараён дошт, ҷамъбаст гардид.

Зимни маросими ҷамъбасти курс ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, н.и.т., дотсент Карамалишоев К., муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Исмоил Мирзомуддин, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Ҳамидзода Шоҳрух Бозор ширкат намуда, суханронӣ карданд.

Нахуст, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, н.и.т., дотсент Карамалишо Карамалишоев зикр дошт, ки омӯзиш ва таҷрибаомӯзии масъулони коргузории махфии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои таҳкими низоми ҳифзи иттилооти муҳими давлатӣ ва таъмини бехатарии техникӣ аҳамияти стратегӣ дорад.

Таъкид гардид, ки курси мазкур на танҳо омӯзиши қонунгузорӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки таълими тарзи амалигардонии онҳо дар ҷараёни кори рӯзмарра мебошад. Зимни суханрониҳои дигар тазаккур дода шуд, ки курси мазкур имкон медиҳад, масъулони хизматрасонии махфии мақомоти давлатӣ аз таҷрибаи коршиносон баҳравар шаванд ва малакаҳои амалӣ дар доираи ҳифзи иттилооти давлатӣ ва техникии махфӣ пайдо кунанд.

Хотиррасон карда шуд, ки иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки намунаи масъулияти касбӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад. Дар фарҷом дар вазъияти тантанавӣ ба шунавандагони курси мазкур Гувоҳнома тақдим гардид.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин