Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

БА ТАВАҶҶУҲИ ХОҲИШМАНДОНИ ТАҲСИЛ ДАР ДОНИШГОҲҲОИ БОНУФУЗИ ЯПОНИЯ!!!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки муҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳҳои Япония бо суроғаи https://jds-scholarship.org/country/tajikistan/index.html аз 27 октябри соли 2025 оғоз гардида, он то 12 декабри соли 2025 идома меёбад.
Хоҳишмандоне, ки қаблан дар озмунҳои Лоиҳаи мазкур иштирок кардаанд ва ё дар ин хусус маълумоти пурра доранд, метавонанд ҳуҷҷатҳои худро тавассути суроғаи зикршуда пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин иловатан маълумот медиҳем, ки санаи 31 октябри соли ҷорӣ, соати 9:00 дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии таблиғотӣ бо мақсади роҳнамоии довталабон барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо тибқи тартиб баргузор карда мешавад.
Дар замима ба таваҷҷуҳи Шумо филми кӯтоҳ оид ба раванди таҳсил дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Япония (Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкани Япония) пешниҳод карда мешавад.
Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин