Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ Русӣ Англисӣ
Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2024 муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
2 июни соли 1969 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 19992 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муарррих, ҷамъиятшиносӣ хатм кардааст.
Солҳои 1987-1992 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
Солҳои 1992-1995 Лаборанти калон, ассистенти кафедраи “Таърихи сиёсии ДАТ
Солҳои 1995-1998 Аспиранти шуъбаи рӯзонаи факултети таърихи ДДМТ
Солҳои 1999-2000 Ходими илмии шуъбаи таърихи муосири Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2000-2002 Сармутахассиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2002-2004 Сармутахассиси шуъбаи экспертизаи мавзӯҳои илмию техникии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2004-2008 Сардори шуъбаи илм ва экспертизаҳои мавзӯъҳои илмию техникии Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2008-2011 Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2011-2015 Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2015-2019 Раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2019 — 2020 Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак
Солҳои 2020 — 2024 Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон